Ссылки доступа

Путин истеъфои Асадро ҳадафи дастнорас номид


Владимир Путин, президенти Русия мегӯяд, бо пешниҳоди ИМА бораи дохил шудани намояндаҳои мухолифин ба ҳайати ҳукумати Сурия розӣ аст, аммо истеъфои Башор Асадро зарур намешуорад.

Путин дар суҳбат бо CNN гуфтааст, истеъфои фаврии Башор Асад, президенти Сурияро зарур намебинад. Ба гуфтаи вай, бо ин роҳ тағйири низом номумкин аст, хабар додааст Садои Амрико.

Президенти Русия изҳор доштааст, ки ҳифзи демократия дар Сурия танҳо бо қабули конститутсияи наву баргузор кардани интихобот бар пояи он имкон дорад.

Путин аз шарҳи суханони Башор Асад, ки гуфт, идораи тамоми қаламрави Сурияро дубора ба даст мегирад, даст кашидааст. Вай ИМА-ро "шарики мо" хонда, даъват намудааст, ки ба раванди гуфтушунид тамоми ҷонибҳои даргир ҷалб шаванд.

Ӯ дар посух ба суоли CNN дар робита ба маъракаҳои интихоботи президентии ИМА изҳор дошта, ки омодааст, бо ҳар президенте, ки амрикоиҳо интихоб мекунанд, кор кунад. Путин ваъдаи Трамп барои барқарории муносибатҳои ҳамаҷониба миёни ИМА ва Русияро баҳои мусбат дод. Аммо дар мавриди Ҳилларӣ Клинтон, номзади эҳтимолии Ҳизби демократ гуфтааст, таҷрибаи зиёди ҳамкории мустақим бо ӯро надорад.

XS
SM
MD
LG