Ссылки доступа

Як рӯзноманигори қазоқ гуруснанишинӣ эълон кард


Рамазон Есергепов, рӯзноманигори қазоқ бо нишони эътироз ба таъқиби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Алмаато гуруснанишинӣ эълон кардааст.

Есергепов дар арафаи иҷлосияи 117-уми Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ даст ба ин иқдоми эътирозӣ задааст.

Вай дар изҳороташ, ки имрӯз нашр шуд, таъкид кардааст, гуруснашиниро "то вокуниши одилона ва мусбат ба вазъи ҳуқуқи инсон" бас нахоҳад кард.

Есергепов таъқиби ҷиноии фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон Макс Бокаев, Талгат Аян, Жанат Есентаев, Гатаугалӣ Бохан, Сагиналӣ Капизов, Кубайдоллӣ Шолак, Махамбет Абҷанро ғайриқонунӣ хондааст.

Бархе аз ин фаъолон, ки дар тазоҳуроти зидди ислоҳи кодекси замин иштирок кардаанд, дар "барангехтани душманӣ" ва бархи дигар дар "хиёнат ба давлату даъват ба ғасби ҳукумат" айбдор мешаванд.

Вай ҳамчунин гуфтааст, ки шоир Арон Отабек, раиси ҳизби мамнуъ ва сабтиномнашудаи "Алга" Владимир Козлов, ҳомии ҳуқуқ Вадим Курамшин ва муҳаррири сомонаи мухолифи Nalanune.kz Ғизол Байдалинова ғайриқонунӣ зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG