Ссылки доступа

Шумори гурезагон дар Осиёи Марказӣ коҳиш ёфтааст


Шумори гурезагон дар Осиёи Марказӣ давоми 15 соли охир аз сад ҳазор то ба се ҳазор поин омадааст, хабар медиҳад Чизу Матсушита, ёвари минтақавии комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон. Дар як мизи гирд дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Матсушита омилҳои коҳиши шумори гурезагонро номабар кардааст.

- Теъдоди зиёди одамон ба маҳзи беҳ шудани вазъи кишварҳояшон ба хонаҳои худ баргаштаанд. Қисми дигар дар кишварҳои севум муқимӣ шуданд. Бисёре аз гурезагон шаҳрвандии кишвари қабулкунандаро пазируфтанд. Барои мисол, гурезагони Тоҷикистон, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварҳои дигар паноҳ бурда буданд, шаҳрвандии Қирғизистон, Туркманистон ва кишварҳои дигарро қабул карданд, - мегӯяд Чизу Матсушита.

Тибқи иттилои мушовири минтақавии комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон, дар Қазоқистон имрӯз то 700 ҳазор гуреза ҳузур дорад, дар Қирғизистон – 400 ва дар Тоҷикистон 2 ҳазор паноҳанда ба сар мебарад.

Соли 2000 Маҷмааи умумии СММ дар бораи таъсиси Рӯзи гурезагон қарор қабул кард. Тибқи ин қарор ҳамасола 20 июн ҳамчун Рӯзи гурезагон ёд мешавад.

XS
SM
MD
LG