Ссылки доступа

Юлдуз Усмонова ба шарафи саммити СҲШ тарона хонд (видео)


Юлдуз Усмонова, овозхони мардумии Ӯзбекистон бахшида ба саммити Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки қарор аст, рӯзҳои 23-24 июн дар Тошканд баргузор шавад, таронаи наверо сароидааст.

Интиқодгарон ин таронаи Усмоноваро талоши бозгашт ба саҳнаи бузург номидаанд. Падидории Юлдуз Усмонова дар ин саҳна аз соли 2005 инҷониб манъ шудааст. Вай бо вуҷуди он ки иҷозатномаи Иттиҳодияи мусиқии "Ӯзбекнаво"-ро дорад, ба саҳнаҳои бузург роҳ намеёбад ва садояш дар радио ва телевизионҳои ин кишвар ҳам шунида намешавад.

Усмонова бо эътироз аз ин бархурди мақомот як муддат ватанашро тарк карда, дар Туркия зиндагӣ кард. Вай соли 2011 ба Ӯзбекистон баргашт ва тамоми талошро кард, то расман ба саҳнаи бузург баргардад. Аммо чунин иҷоза ба ӯ дода нашуд ва ҳатто Гулнора Каримова, духтари президенти Ӯзбекистон, ки он замон шахсияти таъсиргузор буд, натавонист ба ӯ кумак кунад.

Юлдуз Усмонова охирҳои соли гузашта дар ҳаққи Ислом Каримов, президенти Ӯзбекистон ҳам таронаеро хонда, вайро "подшоҳ" номид. Вале ин тарона ҳам натавонист, ӯро ба саҳнаи бузург баргардонад.

XS
SM
MD
LG