Ссылки доступа

Сафари Нуланд ба Маскав барои баррасии созишномаи Минск


Виктория Нуланд, ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Аврупо ва АвруОсиё 21 июн ба Киев ворид шудааст.

Нуланд бо мансабдорони аршади Украина мулоқот ва масоили дуҷонибаву минтақавиро баррасӣ хоҳад кард. Аз ҷумла дар мулоқотҳои Нуланд ислоҳот ва амалишавии созишномаи Минск баррасӣ мегардад. Дар ин бора департаменти давлатии ИМА хабар медиҳад.

Баъдан вай ба Москва меравад ва он ҷо низ бо мансабдорони аршади рус дидор мебинад. Мавзуи гуфтугӯи Нуланд бо ҷониби Русия вазъият дар шарқи Украина, қадамҳои баъдии иҷрои созишномаи Минск, пуштибонии Гуруҳи сеҷонибаи тамос ва "гуруҳи нормандӣ" хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG