Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо харҷи пешгирӣ аз муҳоҷиратро ду баробар мекунад


Иттиҳоди Аврупо бо ёрии сармоягузориҳои чандмиллиардӣ ният дорад аз мавҷи гурезаҳо ба Аврупо пешгирӣ кунад, хабар медиҳад Мавҷи Олмон. Бонки сармоягузории Аврупо (EIB) ният дорад маблағи сармояи лоиҳаро дар берун аз ҳудуди Аврупо нисбати нақшаи аввалӣ ду баробар бештар кунад.

Дар панҷ соли оянда барои мубориза бо сабабҳои буҳрони муҳоҷират иловатан шаш миллиард евро сарф хоҳад шуд. Ба андешаи Вернер Хойер, раиси EIB, "Кумаки Аврупо ба кишварҳое, ки шумори бештари муҳоҷиронро пазируфтаанд" дар мубориза бо буҳрони муҳоҷират омили ҳалкунанда аст, хабар медиҳад нашрияи олмонии Süddeutsche Zeitung.

Сармояи аврупоӣ ба Урдун, Лубнон, Миср ва давлати Мағриб равона мешавад. Қисме аз ин сармоя ба кишварҳои соҳили ғарбии Балкан, мисли Сербистон ва Албания, фиристода хоҳад шуд. Ин маблағҳо барои сохтмони мактаб, беҳдошти низоми тандурустӣ ва дастарсӣ ба оби ошомиданӣ сарф мегарданд.

XS
SM
MD
LG