Ссылки доступа

Дар Покистон сарояндаи машҳури суфиҳо тирборон шуд


Пулиси Покистон куштори Амҷад Сабрӣ, сарояндаи машҳури суфиҳоро, ки 22 июн дар Карочӣ рух дод, амали террористӣ хонда, дар он аз тундравони исломӣ гумонбар шуд, ки пеш ҳам ба суфиҳо ҳамла кардаанд.

Амҷад Сабрӣ дар натиҷаи тирборон шудани мошинаш аз сӯи ду шахси номаълуми мотосиклсавор дар ноҳияи Лаёқатободи Карочӣ ба ҳалокат расид.

Расонаҳои ҳамагонии Покистон ба нал аз Муқаддас Ҳайдарӣ, яке аз мақомҳои баландпояи пулиси он кишвар гуфтааст, "ин куштори ҳадафмандона ва амали террористӣ буд".

То ҳол касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Сабрӣ яке аз сарояндаҳои машҳури мусиқии "қавволӣ"-и Покистон буд, ки пайванд бо тасаввуф ё ирфони исломӣ дорад. Вай дар моҳи мубораки Рамазон ҳар рӯз дар барномаҳои тафреҳии телевизионӣ баромад мекард.

Навоз Шариф, сарвазири Покистон, куштори Сабриро ба шиддат маҳкум карда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварашро дастур додааст, то дастандаркорони ин амали террористиро ба ҷавобгарӣ бикашанд.

XS
SM
MD
LG