Ссылки доступа

Ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд


Дар саммити Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) намояндагони 6 кишвари узви он - Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Русия ва Чин иштирок хоҳанд кард.

Ҳадафи ин созмон, ки соли 2001 таъсис ёфт, таҳкими суботу амният, густариши ҳамкориҳои иқтисодию илмӣ ва фарҳангӣ аст.

Қарор аст, дар ин ҳамоиш тарҳи иҷрои рушди СҲШ то соли 2020 ва як қатор санадҳои дигар имзо шавад. Инчунин қабули ёддошт барои шомил шудани Ҳиндустону Покистон ба ҳайати созмони мазкур дар назар аст. Бо узви комилҳуқуқи СҲШ шудани Ҳиндустону Покистон таъсири он то ба ҷанубу шарқи Осиё густариш хоҳад ёфт.

Ҷумабек Сарабеков, коршиноси Институти иқтисоду сиёсати ҷаҳонии назди Бунёди президенти нахустини Қазоқистон мегӯяд, дар саммити Тошканд масъалаҳои зиёд баррасӣ хоҳад шуд.

"Вазъ дар Афғонистон ноором аст ва ҳаводиси ин кишвар ба афзоиши хатари терроризму экстремизм дар минтақа таъсир мегузорад. Аз ин рӯ, саммити мазкурро метавон муҳим хонд", - изофа кардааст вай.

Ҳоло тадобири амниятӣ дар шаҳри Тошканд пурзӯр шудааст.

XS
SM
MD
LG