Ссылки доступа

Сумая ба ҷои падари Суриярафтааш падари нав ёфт


Ко мне приходил папа!
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:40 0:00

Сумаяи дуухтарчаи 4-солаи як ҷангҷӯи тоҷик падарашро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо силоҳу таҳдид сӯҳбат мекунад, ба як сарояндае аз телевизион, иваз кардааст. Ҷолиб ин аст, ки сароянда ҳам ба падари вай хеле монанд аст.

Холаи Сумая аз ин тасмими кӯдак, ки чеҳраи падарашро танҳо дар аксу видеоҳо дидааст, Шаҳриёр Давлатов, сарояндаи тоҷикро огаҳ карда, вайро ба меҳмонӣ даъват менамояд. Ба гуфтаи холаи Сумая, ин кӯдак, ки дар ҳолати афсурдагию ноумедӣ қарор дошт, бо дидани сароянда дубора ба худ омада, бовар кардааст, ки падари вай ба наздаш баргаштааст.

"Росташро гӯям, мехоҳам ин кӯдакро бо худ бубарам", - иқрор мешавад сарояндаи тоҷик.

Падари Сумая Парвиз Саидраҳмонов, маъруф бо тахаллуси Абу Довуд, ду соли пеш аз Москва ба Сурия рафта, ба мисли ҳазорҳо шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба сафи ҷангҷӯёни гуруҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна пайвастааст. Бино бар иттилои мақомоти тоҷик, бештари ин шаҳрвандони кишвар хонаводаҳои худро тарк карда, рафтаанд.

Ҳоло Сумая дар посух ба ин суол ки падари вай кист? расми падари воқеияшро як тараф гузошта, Шаҳриёр Давлатовро нишон медиҳад.

Ко мне приходил папа!
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:40 0:00

XS
SM
MD
LG