Ссылки доступа

Назарбоев: СҲШ ва ИИАО набояд "ҳубобӣ" шаванд


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар суҳбат бо телевизиони давлатии Русия гуфтааст, Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) набояд ба созмонҳои "ҳубобӣ" ва бетаъсир табдил ёбанд.

"Мақсади мо ин аст, ки СҲШ монанди Анҷумани кишварҳои ҷанубу шарқии Осиё як созмони бюрократӣ нашавад", - изҳор доштааст Назарбоев дар суҳбат бо Михаил Гусман, хабарнигори телевизиони "Русия 24".

Ба назари президенти Қазоқистон, СҲШ, ки ҳоло теъдоди аъзояшро афзоиш медиҳад, набояд ба созмоне табдил ёбад, ки дар вақташ ИДМ табдил ёфта буд. Вай дар мавриди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гуфтааст, "дар бораи он хеле нигаронам".

Ин суҳбати Михаил Гусман бо Назарбоев пеш аз оғози саммити СҲШ дар шаҳри Тошканд анҷом шудааст. Дар доираи ин саммити дурӯза, ки дар арафаи 15-солагии СҲШ баргузор мешавад, қарор аст, Ҳиндустону Покистон ҳам узвияти онро ба даст оранд.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин ва Русия узви СҲШ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG