Ссылки доступа

Каримов ва Ҷин Пин оҳанроҳи навро боз карданд


Дар "Ӯзэкспосентр»-и Тошканд бо иштироки Ислом Каримов, президенти Ӯзбекистон ва ҳамтои чиниаш Сӣ Ҷин Пин маросими оғози кори роҳи оҳани барқии "Ангрен-Поп" ва ифтитоҳи нақби нав баргузор шуд.

Президенти Ӯзбекистон иҷрои тарҳи азимро як рӯйдоди таърихӣ хонда, гуфт, итмоми он дар арафаи 25-солагии истиқлолияти Ӯзбекистон ба ин лоиҳа аҳамияти хос медиҳад. Раҳбарони Ӯзбекистону Чин бо ҳам тугмаи чароғаки роҳнамоеро пахш кардаанд, ки ба ҳаракати нахустин қатори барқии мусофирбари "O’zbekiston" аз нақби “Қамчиқ” иҷозат медиҳад.

Роҳи оҳани мазкур 123,1 километр дарозӣ дошта, аз тариқи ағбаи Қамчик мегузарад, ки 19,2 километри онро нақб ташкил медиҳад. Барои бунёди он 1 миллиарду 633,7 миллион доллари амрикоӣ ҷудо шуда буд. То ҳол танҳо барои бунёди оҳанроҳ бидуни нақб 810 миллион доллар сарф шудааст. Ин роҳ водии Фарғонаро бо минтақаҳои дигари Ӯзбекистон мепайвандад ва ба ин васила таъсиси як шабакаи роҳи оҳан миллӣ дар ин кишвар анҷом хоҳад ёфт.

Бар пояи баҳогузориҳо, баъди мавриди истифода қарор гирифтани хати роҳи оҳани нав барои интиқоли 10 миллион тона мол дар як сол шароит фароҳам шуда, интизор меравад, дар як соли аввал 600 ҳазор мусофир интиқол дода шавад. Ҳамчунин бино бар изҳороти ширкати "Ӯзбекистон темир йулларӣ" ин роҳ ҳамчун бахши муҳиме аз долони Чин -- Осиёи Марказӣ -- Аврупо "ба рушди бештари иқтисоди Ӯзбекистан мусоидат хоҳад кард".

XS
SM
MD
LG