Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон "мафияи заминфурӯшон" наздики ним миллион доллар фоида дидааст


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд мурофиаи чанд танро бо шумули масъулони шаҳрдорӣ оғоз кардааст, ки бо таҳияи санадҳои қалбакии фурӯши замин ба мардум, ҳудуди ним миллион доллар фоида дидаанд.

Боздошт ва оғози мурофиаи ин гуруҳ даҳҳо ҷабрдидаро ба умеди бозпас гирифтани маблағҳояшон пушти дари додгоҳ ҷамъ овардааст.

Маркази матбуотии Додгоҳи шаҳри Хуҷанд мегӯяд, директори Кумитаи заминсозӣ ва геодезии ҳукумати шаҳри Хуҷанд Хуршед Уматқулов ва Муин Мансуров, ки байни кормандони бахши заминсозӣ ва корафтодаҳо миёнарав буданд, дар курсии айбдорӣ нишастаанд. Шумори умумии ҷабрдидаҳо ба 33 нафар мерасад.

Тавре ҷабрдидаҳо мегӯянд, дар вақти тафтишот онҳоро бо чанд нафар аз масъулони бахши заминсозии шаҳри Хуҷанд рӯ ба рӯ карданд, ки он замон бо санадҳои дар компютер копишуда онҳоро фиреб дода, аз 7 то 14 ҳазор доллари онҳоро гирифтаанд ва ба онҳо қитъаи замин надоданд.

Дар ҳамин ҳол, Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи ҷабрдидаҳо мегӯяд, ки айбдоршавандаҳо дар вақти рӯбарӯ кардан бо зерҳимояҳояш ба гуноҳи худ иқрор шуда ва эътироф кардаанд, ки яқ қисми ками маблағҳоро барои худ гирифтанд ва боқимондаро ба масъулони идораҳои дахлдор додаанд.

Ин вакили мудофеъ мегӯяд, ҳоло ба хотири ҳамаҷониба баррасӣ шудани ин парванда ва барои ҷалби афроди масъули дигаре, ки дар вақти омода кардани санадҳои тақаллубӣ ва мӯҳру имзоҳо ширкат доштанду мардумро фиреб додаанд, ба Додситонии кулл ва президенти Тоҷикистон нома ирсол намуда, дархост мекунад, ки дар ин қазия мусоидат намоянд.

XS
SM
MD
LG