Ссылки доступа

Тян-Шани Ғарбӣ эҳтимол вориди Мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шавад


Дар ҷараёни 40-умин ҷаласаи кумитаи ЮНЕСКО, ки дар маркази конгрессҳои Истамбул аз 10 то 20 июли соли ҷорӣ баргузор мешавад, 29 дархости шомил шудан ба рӯйхати Мероси ғайримоддӣ барраси мешавад.

Куҳҳои Тян-Шани Ғарбӣ ҳам миёни ин дархостҳо ҳастанд.

Кумитаи ЮНЕСКО 9 иншооти табиӣ, 16 фарҳангӣ ва 4 иншооти омехтаро баррасӣ мекунад. Ба ҷуз ин, дар ҷараёни ҷаласа кумита вазъи пойбарҷоии 108 иншоотеро, ки шомили рӯйхат шудаанд, месанҷад.

Хабар дода мешавад, ки дархости шомил кардани Таян-Шани Ғарбиро ба рӯйхати Мероси ғайримоддӣ Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекисон фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG