Ссылки доступа

Остона барои гузариш ба эъломияи умуми даромад омода аст


Вазорати молияи Қазоқистон эълон кардааст, ки барои гузариш ба эъломияи умумии андози даромад омода аст. Дар ин бора Бахит Султонов, вазири молияи Қазоқистон зимни ҷаласаи ҳисоботии ин ниҳод дар шаҳри Остона иттилоъ додааст.

Гузариш ба эъломияи умумии андози даромад ва хароҷот барои хидматчиёни давлатӣ ва дар марҳалаи баъдӣ барои тамоми шаҳрвандони Қазоқистон аз 1 январи соли 2017 дар назар аст.

“Тамоми инфрасохторҳо омодаанд. Шаклҳои эъломия ҳам сода ҳастанд. Эломияи бештари шаҳрвандоне, ки даромади ҳангуфт надоранд, танҳо як саҳифа аст”, - иқтибос овардааст сомонаи расмии сарвазири Қазоқистон аз суханони вай.

Ба гуфтаи Султонов, роҳандозии ин навъи низом барои расидан ба “андозбандии одилона” дар Қазоқистон ва афзоиши даромади андоз ба буҷаи давлати ин кишвар мусоидат хоҳад кард.

“Дар соли 2015 аз ҳафт триллион тангаи буҷа (наздики 2,9 миллиард доллари ИМА), танҳо 16 миллиард тангааш иҷро нагардида, аз ин миён 7,8 миллиард тангаи дигар азхуд карда нашудааст, ки ин нишондиҳандаи хубу натиҷаи фаъолияти муштарак аст”, - иқтибос овардааст хабаргузории “Интерфакс–Казахстан” аз суханронии Султонов.

Вазири молияи Қазоқистон ибрози таассуф кардааст, ки бо вуҷуди хароҷоти рекордӣ ҳанӯз ҳам ҳолатҳое ҷой доранд, ки маблағҳо самаранок истифода нашудаанд. Бар пояи иттилои Кумитаи ҳисоби Қазоқистон, ин маблағ 459 миллиард тангаро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG