Ссылки доступа

Навори Сумая дили падари "ҷиҳодӣ"-ашро нарм накард


Парвиз Саидраҳмонов, зодаи Тоҷикистон, ки дар сафи гуруҳи "Давлати исломӣ" меҷангад, навори видеоӣ дар бораи духтарашро дида, гуфтааст, аз "роҳи ҷиҳод" намегардад.

Сумаяи чорсола, духтари Парвиз падарашро танҳо аз рӯи аксу видеоҳо ёд дорад. Ин кӯдак каме бештар аз ду сол дошт, ки падараш ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваст ва аз зиндагии ӯ нопадид шуд. Парвиз Саидраҳмонов ду соли пеш аз Москва ба Ироқ рафт ва ба сафи ҷангиёни “Давлати исломӣ” пайваст. Акнун вай номашро ба Абу Довуд иваз кардааст. Абу Довуд ё худ Парвиз дар наворҳои зиёд, ки зоҳиран аз қаламрави Ироқ сабт шудаанд, бо як лаҳни тунд суҳбат мекунад.

Сумая чеҳраи падарашро аз аксҳое ёд дорад, ки дар девори хона ва албоми хонаводагӣ ҳифз шудаанд. Ӯ аломатҳои падарашро дар чеҳраи ҳар мард ҷустуҷӯ кард ва билохира рӯзе ӯро ёфт. Рӯзе дар телевизион навори Шаҳриёри Давлат, як овозхони тоҷикро дид ва аз модарбузургаш талаб кард, ки падарашро ба наздиш биёрад.

Навори видеоии Сумаяро падараш - Парвиз ҳам дидааст. Парвиз Саидраҳмонов, ки бештар аз ним сол бо хонаводааш тамос надошт, бо нашри изҳороте, гузориши видеоӣ дар бораи духтарашро "иғвоангезӣ" номид.

Вай мегӯяд, "агар шумо бо пахши хабари гумном шудани ман ва ба навор бардоштани модару фарзанди ман фикр кунед, ки маро аз роҳи ҷиҳод бармегардонед, иштибоҳ мекунед. Агар аз "мясорубка" ҳам гузаронед, то охири роҳ меравем."

XS
SM
MD
LG