Ссылки доступа

Сарони ИА оқибатҳои хориҷшавии Бритониёро баррасӣ мекунанд


Раъйпурсии Бритониё, ки ин кишварро аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА) берун бурд, мавзуи асосии саммити ду рӯзаи ИА дар Брюссел хоҳад буд. Саммит имрӯз шуруъ мешавад. Ин мулоқоти сатҳи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо нахустин мулоқоти расмӣ ба хотири баррасии оқибатҳои "Брекзит" аст.

Дар мулоқот мавзуҳои дигар ҳам баррасӣ мешаванд. Ба вижа буҳрони муҳоҷират, рушди иқтисодӣ ва муносибатҳои хориҷии ИА. Тамдиди таҳримҳо зидди Русия дар дастури кори саммит нест, аммо ин мавзуъ дар доираи баррасии стратегияи хориҷии Иттиҳоди Аврупо мумкин аст баррасӣ гардад.

Дар остонаи саммити Брюссел садри аъзами Олмон Анлега Меркел, президенти Фаронса Франсуа Олланд ва сарвазири Италия Маттео Рентси бо қабули изҳороти муштарак гуфтанд, Аврупо "муттаҳид боқӣ мемонад". Онҳо гуфтанд, барои муносибатҳои ояндаи Бритониё бо ИА ҳеч гуфтугӯи пасипардагиеро роҳандозӣ намекунанд. Дэвид Кэмерон, сарвазири Бритониё баъди натиҷаҳои раъйпурсӣ ба такрор изҳор дошт, ки вай хориҷшавӣ аз ИА-ро эълон нахоҳад кард, балки ҷойгузини вай - сарвазири оянда хориҷшавии Бритониёро роҳандозӣ мекунад.

Кэмерон барои дидор бо роҳбарони дигари ИА 28 июн ба Брюссел меояд. 29 июн сарони кишварҳои ИА бидуни ҳузури вай мулоқотро идома медиҳанд. Рентси мегӯяд, саммит бояд ба "бозфаъолӣ"-и лоиҳаи Аврупо дахл кунад, на ба хориҷ шудани Бритониё.

Ҷон Керрӣ, котиби давлатии ИМА аз муносибати интиқомгиранда ба хуруҷи Бритониё ҳушдор дод ва роҳбари кишварҳои ИА-ро даъват кард, ки "бо масъулият, огоҳона" рафтор кунанд.

XS
SM
MD
LG