Ссылки доступа

Маошҳои "осмонӣ"-и мансабдорони эронӣ ихтилоф эҷод кардааст


Маълумот дар бораи маоши баланди чанд мансабдори баландпояи эронӣ, ки ду ҳафта пеш аз тариқи матбуоти марбут ба муҳофизакорон расонаӣ шуд, зоҳиран боис ба ҷудоии бештар дар Эрон шудааст. Бахусус бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар Эрон 30 дарсади аҳолӣ зери хатти фақр ба сар мебарад.

Бино ба ин маълумоти нашршуда, раиси як ширкати суғуртаи давлатӣ, барои мисол, барои худ дар моҳ баробари 30 000 доллар ҳуқуқ дуруст кардааст. Ҷамъи маошу имтиёзҳои дигари мудири яке аз бонкҳои давлатӣ 65 000 доллар будааст. Ин аз 200-300 доллар маоши поинтарин дар идораҳои давлатӣ 200 ва аз маоши миёна дар Эрон 100 бор бештар аст.

Носири Сироҷ, раиси созмони бозрасии кулли Эрон дар пайи ошкор шудани ин моҷаро хабар дод, ки яке аз ин мудирони гунаҳкор дар таҳияи маоши баланд барои худ, ҳабс шудааст. Ӯ афзуд, рӯйхати мансабдороне, ки барои худ маошҳои ба истилоҳ “ғайриурфӣ” дуруст кардаанд, таҳия ва ба мақомоти зидахл пешниҳод хоҳад шуд.

Содиқи Лориҷонӣ, раиси додгоҳи олии Эрон мегӯяд: "Воқеан, ин ки як мудири дастгоҳи давлатӣ, ё бонк ва ғайра маоши муодили 50 баробари ҳуқуқи як коргар дошта бошад, мо қабул надорем. Ин одилона нест. Ҳатто агар ҷурм ҳам набошад, тахаллуф ҳам набошад, қонунӣ бошад ҳам, ин табъизи норавост".

Лориҷонӣ ҳамзамон аз бузург кардани масъала ҳушдор дод ва гуфт, ки ин моҷаро набояд барои сиёҳ кардани обрӯи Эрон сӯиистифода шавад.

XS
SM
MD
LG