Ссылки доступа

Дар Русия нахустин парвандаи ҷиноӣ барои "агенти хориҷӣ" кушода шуд


Дар Новочеркасси вилояти Ростови Русия нисбати раиси созмони "Занҳои Дон" Валентина Череватенко бар пояи моддаи "саркашии барқасдона" аз иҷрои қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ" парванда кушода шудааст. Ин нахустин парвандаи ҷиноӣ бар асоси моддаи мазкур дар Русия аст.

Ба ҷуз аз созмони "Занҳои Дон", ки дар соли 2014 шомили рӯйхати созмонҳои иҷтимоӣ - "агентҳои хориҷӣ" шудааст, Череватенко раиси бунёди ҳамноми созмонаш аст, ки ин бунёд низ соли 2015 ҳамчун "агенти хориҷӣ" ба қайд гирифта шудааст.

Муфаттишон мегӯянд, Череватенко ҳангоми ташкили созмони "Занҳои Дон" дар соли 2013 "қасди ҷиноят" дошт. Дар қарори таъсиси парвандаи ҷиноӣ омадааст, ки бунёд ба "фаъолияти сиёсӣ" машғул шуда, аз хориҷ сармоя дарёфт мекард, аммо Череватенко "барқасдона" барои шомил шудан ба рӯйхати "агенти хориҷӣ" ариза пешниҳод накардааст. Бо ин айбҳо Череватенкоро то ду соли зиндон таҳдид мекунад.

Худи Череватенко дар суҳбат бо нашрияи "Ведомости" ин айбҳоро рад карда, парвандаи таъқиби ҷиноиашро сиёсӣ номидааст. Ба гуфтаи вай, фишор ба созмони вай баъди лоиҳаи "Мински шаҳрвандӣ" шуруъ шудааст. Ҳадафи ин лоиҳа назорати иҷрои созишномаи Минск аст.

XS
SM
MD
LG