Ссылки доступа

Бақайдгирии ташхисгоҳи допингии Алмаато ба таъхир афтод


Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопинг бақайдгирии ташхисгоҳи зиддидопинги Алмааторо чаҳор моҳ ба таъхир гузошт. Дар изҳороти созмон аз 28 июн омадааст, ки ташхисгоҳ ҳаққи анҷоми ҳеч фаъолияте, ба вижа, ташхиси хун ва пешоби варзишагронро надорад.

Ин қарор ба хотири "роҳандозии раванди ҷиддии баҳодиҳии сифати кор" гирифта шудааст. Ташхисгоҳи Алмаато се ҳафта фурсат дорад, ки ба Додгоҳи арбитражии варзишӣ шикоят барад.

Ҳафтаи гузашта ташхисгоҳи Рио де Жанейро баста шуд. Ин ҳолат вазъи нобасомонеро барои ташхиси варзишгароне, ки ба бозиҳои Олимпӣ мераванд, ба бор овардааст. Соли ҷорӣ иҷозатномаи ташхисгоҳҳои Чин, Испания, Африқои Ҷанубӣ ва Португалия бозхонда шуд.

Ҳафтаи гузашта сарвазири Қазоқистон Карим Масимов дастур дод, ки барои таъмири ташхисгоҳи Алмаато сармоягузор пайдо карда шавад. Чаҳор рӯз қабл аз дастури сарвазир, хабар дода шуд, ки чаҳор варзишгари қазоқ аз ташхиси допингӣ нагузаштаанд.

XS
SM
MD
LG