Ссылки доступа

Русия ба ғарб 10 ҳазор низомӣ интиқол медиҳад


Ба гуфтаи Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, кишвараш ба далели номуътадилии "вазъи низомиву сиёсӣ"-и қисмати ғарбии Русия, 10 ҳазор низомиро ба сарҳад мефиристад.

Вай мегӯяд, ИМА ва кишварҳои узви НАТО "ҳузури низомиашонро дар кишварҳои ҳамсарҳад бо Русия" густариш медиҳанд.

Шойгу ба нақшаи НАТО, ки ният дорад дар Эстония, Латвия, Литва ва Лаҳистон баталонҳои изофӣ фиристад, такя мекунад. Кремл ин ниятҳои эътилофи низомии НАТО-ро ва ҳамчунин бунёди сипари мушакӣ дар Аврупои Ғарбиро таҳдиди мустақим ба амнияти миллии Русия меномад.

Шойгу ҳамчунин хабар додааст, ки фармондеҳи флоти Балтика ноиб-адмирал Виктор Кравчук ва сардори маркази фармондеҳӣ ноиб-адмирал Сергей Поповро барои "камбудиҳои ҷиддӣ дар адои вазифа" аз мақом барканор кардааст.

XS
SM
MD
LG