Ссылки доступа

Туркия дубора минтақаи маҳбуби сайёҳони Русия шуд


Дар се рӯзе, ки сайёҳату истироҳат дар Туркия барои русҳо дубора имконпазир шуд, сокинони Русия якбора ба ин самт рӯ овардаанд. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар медиҳад.

Бино бар иттилои нашрия, наздики 35 дарсади роҳхатҳои фурухташудаи сайёҳӣ аз 1 июл, ба истироҳатгоҳҳои Туркия рост меояд.

Майя Ломидзе, мудири иҷроияи Эътилофи ширкатҳои сайёҳии Русия мегӯяд, талабот ба роҳхати Туркия даҳ баробар бештар аз теъдоди роҳхатҳо аст. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Ломидзе, ба далели гаронии роҳхатҳои сайёҳӣ бо парвозҳои доимии ҳавопаймо, бисёриҳо аз сафар кардан ба Туркия худдорӣ меварзанд.

Барқарории ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ ва шуруъи муътадилшавии муносиботи тиҷориву иқтисодии Русия ва Туркия баъди суҳбати Владимир Путин бо Раҷаб Эрдуғон дар рӯзи 29 июн, оғоз гардид.

XS
SM
MD
LG