Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон пойгоҳи миллии иттилоотӣ таъсис ёфт


Дар Ӯзбекистон сомонаи миллии иттилоотӣ дар бораи ҷинояткориҳо таъсис ёфтааст, ки моҳи июли соли равон фаъол хоҳад шуд.

Дар ин бора Аҳмад Мансуров, мудири Маркази миллии иттилоотию таҳлилӣ оид ба назорати маводи нашъаовари назди Девони вазирони Ӯзбекистон дар суҳбат бо хабарнигори NUZ.UZ иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи вай, то ин замон дар Ӯзбекистон низоми ягонаи бақайдгирии ҷиноятҳо мавҷуд набуд, чун ҳар кадом парвандаро мақомоти гуногун пеш мебурданд.

Ба ҷуз ин, пойгоҳи мазкур бо пойгоҳҳои маълумотии кишварҳои хориҷу созмонҳои байнулмилалӣ якҷоя карда мешавад.

Роҳандозии ин пойгоҳ барои ҳамоҳанг кардани кори тамоми вазорату идораҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ мусоидат менамояд.

XS
SM
MD
LG