Ссылки доступа

Бозгашти Coursera ба Қрим


Ҳукумати ИМА сарфи назар аз таҳримҳо, фаъолияти калонтарин пойгоҳи онлайнии омӯзишии Coursera-ро дар ҳудуди Қрим ва Севастопол расман иҷозат дод. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар медиҳад.

Ба иттилои нашрия, Ярослав Кузминов, мудири Мактаби олии иқтисодӣ (ҳампаймони Coursera), зимни ҷаласаи байналхалқӣ гуфта буд, ки таҳримҳо "идеяи омӯзиши сартосариро маҳв мекунанд".

Ҷомеаи академии ИМА аз ин мақом пуштибонӣ карданд. Баъдтар Эътилофи русиягии донишгоҳҳои ҷаҳонӣ аз муассисони Coursera хоҳиш карданд, ки ба корбарони Қрим дастрасӣ дода шавад.

Пойгоҳи омӯзишии Coursera аз 1 феврали соли 2015 инҷониб барои сокинони Қрим дастнорас буд.

XS
SM
MD
LG