Ссылки доступа

Шаҳрванди Тоҷикистон дар ташкили фоҳишахона дар Туркия айбор мешавад


Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи як зани 41-солаи тоҷик барои ташкили фоҳишахона дар Туркия парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ҷамшед Мелибоев, муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Додситонии кулл, 5 июл дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, киХадиҷа Азиззода бар асоси моддаи 130, нишони 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "хариду фурӯши одамон" айбдор мешавад. Ин зани тоҷик чанде қабл аз сӯи мақомоти интизомии Туркия боздошт шуда ва ҳоло ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Мелибоев мегӯяд, Хадиҷа Азиззода бо баҳонаи пайдо кардани кор духтарони тоҷикро ба Туркия бурда, онҷо ба фоҳишагарӣ маҷбур мекардааст.

То кунун нисбат ба ӯ, як зани сокини Ҳисор ва як ҷавондухтари сокини шаҳри Хоруғ, шоҳидӣ додаанд, ки ба гуфтаи муфаттиши парванда ба доми ӯ афтода буданд. Ҷамшед Мелибоев мегӯяд, аз тафтишҳои аввалия бармеояд, ки "меҳмонони" фоҳишахонаи ин зани тоҷик аслан муҳоҷирони афғону эронӣ ва шаҳрвандони Туркия будаанд.

Ҳоло ин зан дар боздоштгоҳ дар Душанбе қарор дорад ва ду ҷавонзани тоҷик, ки ба гуфтаи мақомот бо роҳи фиреб ба Туркия бурда буд, ба ватан баргардонда шудаанд.

XS
SM
MD
LG