Ссылки доступа

Обама ба ҷонибдорӣ аз Клинтон суханронӣ кард


Номзади эҳтимолӣ аз Ҳизби демократҳои Амрико Ҳиллари Клинтон ва президенти ИМА Барак Обама рӯзи сешанбе нахустин мулоқоти интихоботӣ баргузор карданд, ки дар рафти ин мулоқот Обама гуфт, аз номзадии Клинтон комилан ҷонибдорӣ мекунад.

Зимни суханронӣ дар назди ҳазорон интихобкунандаи демократҳо Обама гуфт, Ҳиллари Клинтон аз имтиҳони ҷиддӣ гузаштааст. Ба гуфтаи вай, дар таърихи ин кишвар ҳаргиз чунин номзади босалоҳияте набудааст. "Вай бовар дорад, ки мо худамон ояндаамонро месозем. Вай дарк кардааст, ки мо худамон сарнавиштамонро мушаххас хоҳем кард, агар муттаҳид бошем", - афзудааст Барак Обама.

Президенти ИМА аз Доналд Трамп, номзади эҳтимолии Ҷумҳурихоҳон ҳамчун рақиби асосии Клинтон ном набурд, вале гуфт, раъйдиҳандагон ду интихоб доранд: раъй додан ба дирӯзи саробмонанд ва ё ҳаракат ба пеш. Барак Обама Ҳиллари Клинтонро ҳамчун ворис ва ҷойнишини худ муаррифӣ кард. "Ман омадаам зимоми давлатро ба ихтиёри ӯ бигзорам. Ман медонам, ки Ҳиллари Клинтонро онро ба даст хоҳад гирифт", - гуфт Обама.

XS
SM
MD
LG