Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон содироти мошин афзудааст (видео)


Тоҷикистон, кишваре, ки хурдтарин оҳанпораи мошин истеҳсол намекунад, ҳоло ба содиркунандаи мошин дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Буҳрони молӣ, набудани харидор ва коҳиш ёфтани воридоти мошин ба Тоҷикистон сабаб шудааст, ки содироти мошин аз кишвар ба хориҷ беш аз 8 баробар афзоиш ёбад.

Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи охир аз Тоҷикистон ба маблағи 28 миллион доллар мошин содирот шудааст. Як сол пеш ин маблағ ҳамагӣ ба бештар аз 3 миллион доллар баробар буд. Бино бар иттилои Оҷонсии омор, дар баробари ин воридоти мошин аз хориҷ ба Тоҷикистон 5 дарсад коҳиш ёфтаааст.

Тоҷирони тоҷик мегӯянд, мошинҳо аз Тоҷикистон асосан ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қазоқистону Қирғизистон ва Афғонистон ва баъзан Дубай бо нархи арзонтар содир мешаванд. Акмал Иброҳимов, як тоҷири мошин аз Турсунзода, гуфт, буҳрони молӣ ва кам шудани харидор дар бозори дохилӣ тоҷирони мошин аз Тоҷикистонро ба бозорҳои кишварҳои ҳамсоя бурдааст.

Дар ҳамин ҳол, аксар аз мошинҳои фурӯшӣ дар бузургтарин бозори мошинҳои шаҳри Душанбе моҳҳо боз интизори харидор истодаанд. Соҳибкорони ин бозор ҳам мегӯянд, дар бозори мошин савдои нақдӣ тақрибан вуҷуд надорад. Бобоҷон Чӯпонов, муовини раҳбари бозори мошинҳои пойтахт гуфт, тиҷорати мошин нисбат ба як соли пеш ҳудуди 30 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар Тоҷикистон асосан мошинҳои воридотӣ аз кишварҳои соҳили Балтика ва Аврупо харидуфурӯш шуда, нархашон аз ҳолат, тамға, масофаи гашт, соли барориш, ҳаҷми сарфи сӯзишворӣ, қуввати муҳаррик ва ғайра вобаста аст.

Таджикистан увеличил экспорт автомобилей
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:27 0:00

XS
SM
MD
LG