Ссылки доступа

Узви фирории созмони тундгаро таслими мақомоти тоҷик шуд


Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки як узви фирории "Ихвонулмуслимин" худро ба пулиси вилояти Суғд таслим кардааст ва ҳоло таҳқиқи парвандааш идома дорад.

Аз ин нафар Орифҷон Эргашев – имоми пешини масҷиди "Тақво" ва муовини сархатиби масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддин дар Хуҷанд ном бурда мешавад. "Ихвонулмуслимин" соли 2006 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони экстремистӣ эълон шуда, ҳатто дар замони ба сари қудрат расидани Муҳаммад Мурсӣ, аз раҳбарони ин ташкилот дар Миср, ба фаъолияташ иҷоза нашуда буд.

Масъулони раёсати корҳои дохилии Суғд мегӯянд, Орифҷон Эргашев баъди боздошти шаш имом-хатиби узви "Ихвонулмуслимин" дар чаҳор моҳи пеш аз кишвар фирор карда буд ва пас аз шунидани эҳтимоли афваш баъди пушаймонӣ дубора ба кишвар баргаштааст.

"Аввал ба Дубай ва сипас аз он ҷо ба Русия рафтааст. Вақте мефаҳмад, ки касе ихтиёрӣ аз узвияташ дар ҳизбу созмонҳои мамнуъ пушаймон шудааст, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад шуд, ба Тоҷикистон баргаштааст", - гуфт ин манбаъ.

Алайҳи Орифҷон Эргашев бо моддаи "иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ" айб эълон шуда, дар ҳоли ҳозир додситонии Суғд ба таҳқиқи қазияаш машғул аст. Дар додситонӣ гуфтанд, ки дар сурати собиқаи ҷиноӣ надоштанаш ин узви "Ихвонулмуслимин"-ро аз боздошт раҳо хоҳанд кард.

Орифҷон Эргашев дар бозпурсиҳои аввалия ба маъмурони пулис гуфтааст, ки солҳои 1993-2001, ҳангоми таҳсил дар хориҷа ба "Ихвонулмуслимин" шомил гашта буд. Ӯ афзудааст, дар муддати тахминан 15 соли фаъолияташ ақидаҳои ин созмонро тарғиб мекард ва барои ин кораш солона 3-4 ҳазор доллар мегирифт.

XS
SM
MD
LG