Ссылки доступа

Панҷ корманди пулисро дар ҳамоиши эътирозие дар Даллас паронданд


Дар натиҷаи як тирпаронӣ дар иёлати Далласи Амрико панҷ корманди пулис кушта ва 7 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ин тирпаронӣ дар пайи ҳамоиши эътирозӣ зидди хушунати кормандони пулис сурат гирифтааст. Бино ба иттилои телвизиони CNN, ба сӯи кормандони пулис аз ду снайпере оташ кушода шудааст, ки соҳибонаш ҳоло ба ҷойи номаълум панаҳ бурдаанд.

Департаменти пулиси Даллас акси яке аз гумонбаронро паҳн кардааст. Дар ҳамин ҳол, CNN хабар дода, ки ин шахс баъди нашри аксаш ихтиёран ба мақомот таслим шудааст.

Бино бар иттилои хабаргузории Associated Press, кормандони пулис яке аз гумонбарони дигарро боздошт карданд, ки муқовимат нишон додааст.

Ин ҳамоишҳои эътирозӣ дар иёлати Даллас ва шаҳрҳои дигари ИМА баъди кушта шудани ду шаҳрванди африқотабори ин кишвар - Алтон Стерлинг дар Луизиан ва Филанд Кастайл дар Миннесот аз сӯи кормандони пулис баргузор мешаванд.

Ин ду нафар ҳангоми боздошт кушта шуда, кормандони пулис исрор менамоянд, ки дар доираи қонун амал кардаанд.

XS
SM
MD
LG