Ссылки доступа

Додгоҳи олии Қирғизистон парвандаи Аскаровро бозбинӣ мекунад


Коллегияи Додгоҳи олии Қирғизистон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва қоидавайронкуниҳои маъмурӣ имрӯз парвандаи Азимҷон Аскарови маҳкум ба ҳабси якумриро баррасӣ мекунад.

Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз толори додгоҳ иттилоъ дод, ки дар мурофиаи имрӯза тадобири амниятӣ пурзӯр шуда, намояндагони созмонҳои хориҷӣ низ иштирок менамоянд. Барои пӯшиши ин мурофиа беш аз 100 рӯзноманигор сабти ном шудааст.

Тавре қаблан хабар дода шуд, баррасии парвандаи мазкур бар пояи шикояти худи Аскаров ва вакили мудофеаш сурат мегирад. Ин дар ҳолест, ки коршиносони СММ 21 апрели соли равон аз ҳукумати Қирғизистон даъват карданд, то Аскаровро озод кунад.

Ба назари коршиносон, Аскаров ғайриқонунӣ боздошт ва дар шароити ғайриинсонӣ нигаҳдорӣ шуда, нисбаташ бадрафторӣ сурат гирифтааст. Инчунин вайро аз тамоми имкониятҳои ҳимоят аз ҳуқуқҳояш дар мурофиаҳо маҳрум кардаанд.

Азимҷон Аскаров дар ноҳияи Бозорқӯрғони вилояти Ҷалолобод зиндагӣ намуда, ба ҳайси ҳомии ҳуқуқ кор мекард. Баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 ӯ бо гумони ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва даст доштан дар куштори корманди пулис дастгир шуда, бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ ба ҳабси якумрӣ маҳкум гардид.

XS
SM
MD
LG