Ссылки доступа

Сохтмони "Аквапарки Душанбе"-ро аз сар гирифтанд (видео)


Сохтмони нотамоми парки нахустини обии маъруф ба "Аквапарки Душанбе" баъди 12 соли таваққуф дубора аз сар гирифта шуд. Ҳоло сохтмони ин аквапаркро як ширкати итолиёии мавсуф ба "Престон барбиери" бар зимма гирифтааст.

Парвиз Аминов, масъули Раёсати сохтмони асосии Душанбе хабар дод, ки "маблағи умумии ин сохтмон 83 миллион сомонист. 28 миллионашро ҷониби Тоҷикистон ва 55 миллиони дигарашро ҷониби Италия фароҳам хоҳанд кард".

Тибқи лоиҳа, ин маҷмааи фароғатӣ дорои шаш ҳавзи бузурги шиноварӣ барои кӯдакону калонсолон ва 34 намуди воситаҳои дилхушӣ, як бинои сеошёнаи иборат аз ҷойи нишасти маъмурияти маҷмаа, ошхона ва утоқҳои тафреҳиву либосивазкунӣ барои меҳмонон хоҳад буд. Парвиз Аминов мегӯяд, ин ягона аквапарки бузург дар кишвар аст, ки масоҳаташ наздик ба 2 гектар мерасад.

Строительство самого крупного аквапарка в Таджикистане
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:25 0:00

Сохтмони маҷмааи фароғатӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт воқеъ буда, 12 соли пеш аз сӯи ширкати туркии “Эмек Иншоот” шуруъ шуд. Аммо ширкати мазкур ба иллати нофаҳмиҳои молӣ кори сохтмонро дар нимароҳ гузошту кишварро тарк кард.

Ба гуфтаи масъулон, ба корҳои сохтусози ин аквапарк беш аз 200 коргар ҷалб шудааст. Қарор аст, кори сохтмон то моҳи феврали соли 2017 ба итмом расад ва парки обӣ ба пуррагӣ аз моҳи марти соли оянда дар ихтиёри сокинони пойтахт гузошта шавад.

XS
SM
MD
LG