Ссылки доступа

Додситонҳо ба таҳқиқи ҳамлаҳои Оқтеппа пайвастанд


Дар як нишасти хабарӣ дар Оқтеппаи Қазоқистон хабар дода шуд, ки барои таҳқиқи ҳамлаи мусаллаҳонаи 5 июн як гуруҳи додситонҳо ба таҳқиқ пайвастаанд. Узви ин гуруҳ, додситони калон Амангул Жумагалиева гуфт, ба ин гуруҳ чаҳор додситони мурофиавӣ аз раёсати тафтишотии додситонии вилоятӣ шомил шудаанд.

- Додситонҳои мурофиавӣ ба таҳқиқи ҷойи ҳодиса мепардозанд, дар бозпурсии гумонбарон ширкат мекунанд ва ба муфаттишон дастур медиҳанд. Дар натиҷаи сифати таҳқиқи то додгоҳӣ беҳтар ва муҳлати таҳқиқ кутоҳтар мешавад, - мегӯяд Амангул Жумагалиева.

Дар бораи ҳамлаи мусаллаҳона додситони калон хабари иловагие надодааст.

5 июн дар Оқтеппаи Қазоқистон афроди мусаллаҳ ба ду мағозаи фурӯши силоҳ ва як қисми низомӣ ҳамла карданд. Бино бар иттилои расмӣ, дар натиҷаи ин ҳамла 7 нафар кушта ва 40 тани дигар захмӣ шуданд. Дар пайи амалиёти вижа, ки шаш рӯз идома кард, 18 гумонбари ҳамлаи мазкур кушта ва чанд тани дигар боздошт шуд. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ин ҳамла "аз сӯи гуруҳи диннии тундгарое амалӣ шуд, ки аз хориҷ дастур мегирифтанд".

XS
SM
MD
LG