Ссылки доступа

Ҷон Керри барои мулоқот бо роҳбарони Русия ба Москва меояд


Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ ин ҳафта ба Москва меояд, то ки бо "роҳбарияти олии Русия" мулоқот кунад ва масъалаи Сурия, Украина, низоъ ва ихтилофи Арманистону Озарбойҷонро бар сари Қарабоғи Куҳӣ баррасӣ намояд. Дар ин бора Департаменти давлатии ИМА хабар медиҳад.

Ҷон Керрӣ ба пойтахти Русия 14 ва 15 июл ташриф меорад. Департаменти давлатӣ дақиқан хабар надодааст, ки Ҷон Керрӣ бо кадоме аз роҳбари Русия мулоқот хоҳад кард.

Ин сафар зимни суҳбати телефонии президенти ИМА Барак Обама ва президенти Русия Владимир Путин 7 июл мувофиқа шуда буд. Дар он суҳбат Путин бо Обама вазъи Сурия, буҳрони давомдори Украина ва низоъи Қарабоғи Куҳиро баррасӣ карда буданд.

Баъди Москва Ҷон Керрӣ ба Люксембург ва Брюссел меравад, то ки "авлавиятҳои асосии сиёсати хориҷӣ"-ро бо роҳбари дипломатии Иттифоқи Аврупо Федерико Могерини баррасӣ намояд, хабар медиҳад Департаменти давлатии ИМА.

XS
SM
MD
LG