Ссылки доступа

«Ӯзбекнаво» ба Тамила машварат дод, ки назди равоншинос равад


Роҳбарияти иттифоқи эҷодии "Ӯзбекнаво" иҷозатномаи сарояндаи ҷавон Тамиларо барои чанд акс ва навори "бешармона" комилан бекор кардааст. Расонаҳои Ӯзбекистон менависанд, ки Фарҳод Ҷӯраев, директори "Ӯзбекнаво" ба Тамила машварат додааст, ки дар ивази ба саҳна баромадан, аз ташхиси табибон бигзарад.

"Тамила ҳаргиз иҷозатнома дарёфт нахоҳад кард ва шумо медонед, ки чаро. Вай, зоҳиран, аз кӯдакиаш мушкилии равонӣ дорад. Саҳна ҷои ӯ нест, вай бояд назди равоншинос биравад", - гуфтааст Фарҳод Ҷӯраев.

Ба гуфтаи Ҷӯраев, вай чанде қабл бо сароянда суҳбат доштааст, аммо бори дигар ба ин хулоса расидааст, ки баргаштани Тамила ба саҳна номумкин аст.

"Ӯзбекнаво" 1 феврали соли ҷорӣ иҷозатномаи Тамиларо бекор кард. 28 январи ҳамин сол дар шабакаи иҷтимоии Telegram наворҳои "бешармона"-е нашр гардид, ки гӯё ба Тамила тааллуқ дошт. Дар ин наворҳо дида мешавад, ки зане монанд ба Тамила назди дурбин ӯрён мешавад.

XS
SM
MD
LG