Ссылки доступа

Парванда алайҳи ду афсар барои латукӯб ва сӯистифодаи нерӯи сарбозон


Додситонии ҳарбии гарнизони Кӯлоб алайҳи ду афсар ва як сарбози қатории нерӯҳои марзбонӣ барои латту кӯби сарбозон ва сӯиистифода аз нерӯи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз ва барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст.

Фирӯз Раҷабзода, додситони низомии минтақаи Кӯлоб 12 июл гуфт, Комилҷон Рофиев – фармондеҳи қисми ҳарбии 2931 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва Ҷонибек Муродов – сарбози қатории қисми низомии 2133 дар Ҳамадонӣ дар озору азият ва латту кӯби сарбозон айбдоранд.

Раҷабзода афзуд, ки Рофиев вазифаи оинномавиро вайрон карда, ҳафт сарбозро лату кӯб кардааст. Ба гуфтаи вай, ин ҳодиса моҳи майи соли равон рух дода, то ҳол таҳқиқ мешавад.

"Абдурасул Қурбонов, прапоршики калони қисми низомии 2933-и нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, бо истифода аз мансаби худ сарбозонро ба корҳои шахсӣ, яъне нигоҳубини антеннаҳои ширкатҳои мобилӣ сафарбар карда, маблағи ба дастомадаро ба ҷайбаш задааст," - афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта додситонии низомӣ дар ин минтақа нисбат ба чаҳор афсар барои “дедовшина” парвандаи ҷиноӣ боз карда, онҳоро муҷозот карда буд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти Тоҷикистон чандин афсарро барои хунукназарӣ дар робита ба меҳтарсолорӣ аз кор сабукдӯш карда, сарбозонеро, ки дар латту кӯби баъзе аскарони навдаъват ва ҳатто марги онҳо даст доштаанд, ба мӯҳлатҳои гуногун зиндонӣ карданд.

XS
SM
MD
LG