Ссылки доступа

Таҷлил аз 25-солагии намояндагии Радиои Озодӣ дар Москва


Фармон дар бораи кушодани намояндагии Радиои Озодӣ дар Москва 27 августи соли 1991 аз ҷониби президенти вақти Русия Борис Елтсин имзо шуда буд.

"Намунаи рӯзноманигории касбии мустақил дар шароити ҷаҳони тағйирёбанда" номидааст фаъолияти Радиои Озодиро мудири иҷроияи Шӯрои амрикоӣ дар умури мухобирот (BBG) Ҷон Лэнгсинг. Ин суҳбати Лэнгсинг дар ҷаласаи бахшида ба 25-солагии бахши Радиои Озодӣ дар Москва сурат гирифтааст. BBG Шӯрои фахрии ҳамаи расонаҳои хориҷии ИМА аз ҷумла Радиои Озодӣ аст.

Дар чорабинӣ рӯзноманигорон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, дипломатҳои амрикоӣ, муаллифон ва дӯстони Радиои Озодӣ ширкат карданд.

Сафири ИМА дар Русия Ҷон Теффт нақши Радиои Озодиро дар инъикоси воқеонаи ҳодисаҳои ҷаҳон баҳои баланд додааст. Вай Радиои Озодиро "кафолати озодии матбуот" номида, гуфтааст, ҳоло фаъолияти бахши русии радио "нисбат ба ҳар замони дигар муҳимтар аст".

XS
SM
MD
LG