Ссылки доступа

Мубориза бо харҷи барзиёди тую маъракаҳо дар Тоҷикистон


Бо гузашти 9 сол аз қонуни танзими расму анъанаҳо, ки дар роҳи баргузории тӯю азои мардум дар Тоҷикистон як силсила маҳдудиятҳо ҷорӣ кард, дар бархе манотиқи рустоии ин кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Ҳисор, роҳу шеваҳои нави танзими тӯю маъракаҳоро ба роҳ андохтаанд.

Аз ҷумла дар рустои Шӯроби ноҳияи Ҳисор ширкати тамоми аҳли русторо дар тӯю маъракаҳо манъ карда, гуфтаанд, ки танҳо аҳли маҳаллае, ки соҳиби маърака зиндагӣ мекунад, даъват шаванд. Ҳамин тавр, дар ин русто ва рустоҳои атрофи он “хонахез” ба тӯй рафтани аҳли хонаводаро ноҷоиз хонда, аз мардум хостаанд, ки аз ҳар оила 1 ё 2 нафар биравад, на бештар.

Ташаббуси дигар таъсиси гурӯҳҳои назоратиест, ки тарзи оростани дастурхони соҳиби маъракаро назорат мекунанд ва, ба гуфтаи ташаббускоронаш, намегузоранд, ки тӯй ё оши худоӣ ба майдони сабқату рақобат табдил дода шавад. Баҳром, раиси созмони ҷавонони яке аз рустоҳои Ҳисор мегӯяд, кадом рӯйхати мушаххасе нест, ки соҳиби маърака чиро болои дастурхонаш гузорад ва чиро – не? Вале ӯ афзуд: “Мо фақат пешниҳод кардем, ки сабуктар бигиранд. Барои мисол, дар худоӣ, он мардак фарзандашро ё модарашро аз даст додааст, ғарқи мотам аст, шарт нест, ки болои дастурхонаш банану ананас барорад, ё қандҳои қимат. Бо ягон чизҳои сабуктару арзонтар биорояд дастурхонашро. Чӣ даркор болои ғам ӯро боз қарздор кардан?”

Баҳром мегӯяд, тӯю маъракаҳо як муддат ба ҳадде авҷ гирифт, ки танҳо барои хидмат ба меҳмонон, ба ҳисоби ӯ, камаш 30 пешхидмат лозим мешуд: “Масъалаи тӯйҳои арӯсӣ ҳам хеле вазнин буд. Ҳар соҳиби тӯй баъди шӯ додани духтараш 5-6 ҳазор доллар қарздор мешуд. Фақат барои як ҷевон 1500-1800 доллар мерафт. Мо пешниҳод кардем, ки шарт нест ҳамаи аҳли деҳаро хабар кардан ба тӯйи духтар. Бигзор бо дугонаҳояшу занҳои ҳамсоя ва хешу табор ҷамъ шаваду хурсандӣ кунад арӯс. Шашлик пазанд бигзор, рақсу бозӣ кунанд, вале фақат дар ҷамъи 15-20 дугонаву хешу табораш”.

Амруллои Исмат, раиси маҳалла дар рустои Мортеппа дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, як далели ин иқдом бадтар шудани вазъи иқтисодии мардум, бахусус баъди кам шудани интиқоли пул аз фарзандони муҳоҷири онҳо аз Русия буд.

XS
SM
MD
LG