Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон ҳатто пулис ҳам либоси миллиро ташвиқ мекунад


Қаблан чанд зане аз вилояти Суғд ба яке аз телевизионҳои маҳаллӣ муроҷиат карда хостанд, мушкили онҳоро инъикос намояд. Ин занҳо гуфтаанд, ки кормандони пулис ба хонаҳояшон рафта пӯшидани ҳиҷобро манъ мекунанд.

Ба гуфтаи онҳо, кормандони милиса сабаби рӯсарӣ бастани онҳоро ҳам фаҳмиданӣ шуданд, ки ихтиёрист ё шавҳаронашон онҳоро барои ин амал маҷбур месозанд.

Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар посух ба саволи хабарнигорон ин иттилоъро рад кард.

Вале иқрор кард, ки кормандони пулис дар ин бора миёни сокинон танҳо “корҳои фаҳмондадиҳӣ”-ро ба роҳ мондаанд, ки бегонапараст нашаванд ва либосҳои барои тоҷикон ғайрро ба бар накунанд. Вай таъкид кард, ки ин корҳо на бо роҳи маҷбурӣ, балки ба воситаи баргузор намудани сӯҳбату мулоқот ва тарғибу ташвиқ пеш бурда мешавад.

Дар мавриди назди занони ҳиҷобпӯш рафтани кормандони пулис дар Хуҷанд қаблан бархе фаъолони ва ҳомиёни ҳуқуқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода буданд. Вале гуфта мешуд, барои сӯҳбат бо занони ҳиҷобпӯши бозори "Панҷшанбе" на мардон, балки бонувони пулис рафтаанд.

XS
SM
MD
LG