Ссылки доступа

Дар Қирғизистон сиёҳ кардани шишаҳои мошин манъ шуд


Дар Қирғизистон шуруъ аз имрӯз сиёҳ кардани шишаи пеш ва ду шишаи дарҳои пеши мошинҳо манъ шуд. Чунин қарорро ҳукумати он кишвар 30 июни соли ҷорӣ тасдиқ карда буд.

Тавре котиби матбуотии БДА-и он кишвар Тилек Оторов гуфт, бар пояи моддаи 228 Кодекси маъмурии Қирғизистон, барои сиёҳ кардани шишаи пеш ва ду шишаи дарҳои пеши мошин ронанда дар ҳаҷми 2 ҳазор сом (муодили ҳудудан 200 сомонӣ) ҷарима мешавад. Агар ронанда сиёҳии шишаҳоро пок накунад, воситаи нақлиёт ба ҷаримагоҳ бурда мешавад.

Тавре сомонаи ҳукумати он кишвар хабар медиҳад, сиёҳ кардани шишаҳои дарҳои пеш ба мошинҳои хизматии президент, сарвазир, раиси порлумон ва раиси Суди олӣ, инчунин 9 Хадамоти КДАМ, ки ба муҳофизати роҳбарияти олии кишвар вазифадоранд, иҷозат аст.

Мошинҳои интиқолдиҳандаи пул ё "инкассация", мошинҳои махсуси интиқолдиҳандаи зиндониён низ ҳаққи сиёҳ кардани шишаҳояшонро доранд.

XS
SM
MD
LG