Ссылки доступа

Ҳукми 10 мақоми қудратӣ барои ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим


Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, дар робита ба ошӯби моҳи сентбяри соли гузашта дар Душанбеву Ваҳдат 10 мақоми қудратӣ, аз ҷумла як мақоми баландпоя маҳкум ба зиндон шудаанд. Аммо ному насабу ҷои корашонро ошкор накард.

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон зимни нишасти хабарии 18 июл дар Душанбе аз анҷоми баррасии парвандаи ошӯби Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) хабар дода, гуфт,дар доираи он алакай 10 корманди ниҳодҳои қудратӣ ҳам зиндонӣ шудаанд.

Вай қайд кард, ки "ошӯби Абдуҳалим Назарзода" натиҷаи бефаъолиятии мақомот буд.

Субҳи 4 сентябри соли 2015 ба Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат ва посгоҳи кормандони пулис дар гардиши фурудгоҳи Душанбе ҳамла сурат гирифт. Мақомот ин ҳамларо кори дасти Абдуҳалим Назарзода донистанд, ки то он рӯз муовини вазири дифои Тоҷикистон буд. Амалиёт алайҳи ин гурӯҳ дар дараи Ромит 12 рӯз давом кард, ки дар пайи он 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва наздик ба 30 тан аз аъзоёни ин гурӯҳ кушта шуд.

Дар пайи ин ҳодиса наздик ба 200 нафар боздошт шуд ва ҳоло ҳукми аксари онҳо дар додгоҳҳои Тоҷикистон содир шудааст. Мурофиаҳои додгоҳии ин афрод пушти дарҳои пӯшида баргузор шуда ва ҳатто расонаҳои давлатӣ аз содир шудани ҳукми онҳо хабаре пахш накардаанд.

XS
SM
MD
LG