Ссылки доступа

Қирғизистон дар тарҳи CASA-1000 иштирок мекунад


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон қонун дар бораи тасвиби созишномаҳо миёни ҳукумати кишвараш ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, Бонки сармоягузории Аврупо ва Бонки исломии рушд оид ба тарҳи CASA-1000-ро имзо намуд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон хабар дода, мегӯяд, дар доираи се созишномаи мазкур хатти интиқоли нерӯи барқ бо иқтидори 500 кВ аз зеристгоҳи "Датка"-и ин кишвар то Хуҷанди Тоҷикистон бунёд шуда, тариқи Кобули Афғонистон то зеристгоҳи Пешовари Покистон идома хоҳад ёфт.

Бар пояи тарҳ, қарор аст, аз моҳи май то моҳи сентябр аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон нерӯи барқ содир шавад.

Тибқи созишномаҳо, Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 45 миллион доллар, Бонки сармоягузории Аврупо 70 миллион евро ва Бонки исломии рушд 50 миллион доллар бояд ба ҳукумати Қирғизистон ҷудо намоянд. Хароҷоти тарҳи мазкур дар маҷмуъ 1 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки аз ин миён 233 миллион доллараш ба ҷониби Қирғизистон рабт дорад.

Ин маблағ аз ҳисоби даромади содироти нерӯи барқ ба воситаи тарҳи CASA-1000 баргардонида хоҳад шуд. Рӯзи 12 майи соли равон дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон маросими расмии ифтитоҳи тарҳи CASA-1000 баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG