Ссылки доступа

Норозигии ҳунармандони Ӯзбекистон аз "Ӯзбекам"-и Шаҳзода


Зимни нишасти хабарие дар Маркази миллии матбуотии Ӯзбекистон, ки аз сӯи Иттифоқи мусиқии "Ӯзбекнаво" баргузор шуд, суруди нави сарояндаи машҳури ин кишвар Шаҳзодаро ба шиддат танқид карданд.

Ин суруд маҳз бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон иҷро шудааст.

Шуҳрат Қаюмов, ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон дар нишасти хабарӣ бо ҳузури намояндагони фарҳангу ҳунар ва рӯзноманигорон муҳтавои матни суруди Шаҳзодаро бо номи "Ӯзбекам" сахт интиқод кардааст.

"Яке аз сарояндаҳои машҳур бо суруде ба телевизион мебарояд, ки дар он мегӯяд, "Ту 25 сол дорӣ, Ӯзбеки ман". Дар куҷо гуфта шудааст, ки миллати ӯзбек 25-сола аст? Истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон 25-сола шуд, на миллати ӯзбек!", - изҳор доштааст Қаюмов.

Ба гуфтаи Қаюмов, барои дар оянда роҳ надодан ба чунин иштибоҳҳо бояд дар назди Иттифоқи мусиқии "Ӯзбекнаво" Шӯрои санъате таъсис ёбад, ки ба ҳайаташ нависандагону шоирон ва ҳунармандону оҳангсозони ботаҷриба ҷалб карда шавад.

"Ҳама гуна суруду мусиқӣ пеш аз роҳ ёфтан ба эфир бояд аз "сурохи сӯзан" гузаронида шавад", - афзудааст ин ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон.

Иштирокдорони нишаст низ аз суханҳои Қаюмов ҳимоят карда, гуфтаанд, таърихи бойи миллати ӯзбекро набояд бо чунин сурудҳое, ки мафҳуми амиқ надоранд, инъикос кард.

Ин эроду интиқодҳо дар ҳолест, ки матни суруди нави Шаҳзода ба қалами шоири машҳуру мардумии ӯзбек ва узви Маҷлиси Олии Ӯзбекистон Иқбол Мирзо рабт дорад.

XS
SM
MD
LG