Ссылки доступа

Туркия иҷозатномаи 24 радиою телевизионро бекор кард


Дар Туркия рӯзи сешанбе иҷозатномаи фаъолияти 24 телевизион ва радио, ки гӯиё марбут ба Фатҳуллоҳ Гюлен, руҳонӣ ва фаъоли ҷамъиятии турк ҳастанд, бозхонд карда шуд.

Анқара онҳоро ҳидоятгари кӯшиши табаддулоти нофарҷоми шаби 15 ба 16 июл медонад.

Дар доираи маъракаи зидди ҷонибдорони Гюлен ҳуҷҷати рӯзноманигории 34 журналист бекор ва 15 ҳазор корманди Вазорати маориф, беш аз якуним ҳазор декани донишгоҳҳо, 490 корманди умури динӣ, 257 корманди дастгоҳи иҷроияи сарвазир ва 100 корманди хадамоти кашшофӣ аз симатҳояшон барканор шудаанд.

Ҳамчунин тайи рӯзҳои ахир 35 ҳазор, низомӣ, корманди пулису додрас ва хизматчии давлатӣ боздошт ё аз вазифаҳояшон сабукдӯш гардидаанд. Ҳамаи онҳо дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор ё гумонбаранд.

Мақомоти Туркия рӯзи сешанбе аз ҳамтоёни амрикоии худ талаб карданд, Фатҳулло Гюленро, ки дар ИМА зиндагӣ мекунад, зуд боздошт карда, ба Анқара истирдод намоянд.

Бинали Йилдирим, сарвазири Туркия гуфт, тамоми парвандаҳои марбут ба Гюлен аз роҳҳои электронӣ ба Вашингтон фиристода шудааст. Қаблан Вашингтон аз Анқара хост, далелҳои даст доштани Гюлен дар кӯшиши табаддулоти давлатиро пешниҳод намояд.

Шарикони ғарбии Туркия ва СММ аз раҳбарияти ин кишвар даъват карданд, волоияти қонунро риоя намояд. Онҳо аз сурат гирифтани даъватҳо барои дубора ба амал даромадани ҳукми қатл, ки соли 2004 бекор гардида буд, ибрози нигаронӣ кардаанд. Раҷаб Тайиб Урдуғон, президенти Туркия гуфт, ин ҳукм ба иштирокдорони бевоситаи табаддулоти нофарҷоми давлатӣ рабт дорад.

XS
SM
MD
LG