Ссылки доступа

Боздошти мақоми баландпояи Кумитаи тафтишотии Русия барои ришвахорӣ


Михаил Максименко, сардори Раёсати амнияти дохилии Кумитаи тафтишотии Русия бо гумони гирифтани ришва дар ҳаҷми калон боздошт гардидааст.

Вай рӯзи сешанбе бо қарори Додгоҳи Лефортовои шаҳри Москва то 15 сентябри соли равон ҳабс шуда, ҳамчунин дар доираи ин парванда муовинаш Александр Ламоновро ҳам дастгир кардаанд.

Худи ҳамон рӯз додгоҳ муовини аввали сардори Сарраёсати тафтишотии шаҳри Москва Денис Никандровро ҳам бо айби гирифтани ришва ҳабс намудааст.

Бино ба хабарҳо, Никандров ва ҳамтоёнаш аз Кумитаи тафтишотиро кормандони Хадамоти федеролии амнияти Русия дар доираи парвандаи тамаъҷӯии 8 миллион рублӣ дастгир кардаанд.

Ин парванда зидди Захарий Калашов, маъруф ба "Шакро Молодой" дар олами ҷиноӣ, боз шудааст.

XS
SM
MD
LG