Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ҷавобгарӣ барои амалҳои террористӣ сангинтар мешавад


Раиси КДАМ-и Қазоқистон Владимир Жумаканов хабар медиҳад, ки лоиҳаи қонун дар бораи пурзӯр кардани ҷавобгарии ҷиноӣ барои амалҳои террористиро омада кардаанд.

Жумаканов дар ин бора зимни ҷаласаи ҳукумати Қазоқистон хабар додааст.

Шумори қурбониёни ҳамлаи ахири Алмаатои Қазоқистон ба 6 нафар расидааст.

Раиси КДАМ мегӯяд, лоиҳаи омодашуда пешбинӣ мекунад, ки барои анҷоми амалӣ террористӣ мусодираи амволи муҷримон ҳамчун меъёри ҳатмии ҷазо ҷорӣ карда шавад.

Дар ҷаласаи ҳукумат вазири корҳои дохилии Қазоқистон Калмуханбет Қосимов хабар додааст, ки вазорати зери роҳбарии вай низ дар ҳоли омода кардани лоиҳаи қонун аст. Тибқи лоиҳаи ин вазорат, шаҳрвандоне, ки ба хориҷи кишвар барои ширкат дар ҷангҳо мераванд, аз шаҳрвандии Қазоқистон маҳрум мешаванд.

XS
SM
MD
LG