Ссылки доступа

Боздошти се корманди пулис барои латту кӯби як сокини Фархор


Мақомоти интизомии Тоҷикистон се корманди пулис дар ноҳияи Фархорро бо гумони латту кӯби як сокини боздоштшудаи маҳаллӣ дастгир кардаанд.

Сӯҳроб Саломов, муовини сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, гуфт, ҳоло ин се корманди пулис дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дошта, рӯзҳои наздик парвандаашон ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд.

Ва 19 июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, чунин бархӯрди номуносиб бо сокинон обрӯи кормандони пулисро мебарад ва аз ин рӯ, онҳо манфиатдоранд, ки пеши роҳи қонуншиканӣ миёни ходимони ҳифзи ҳуқуқро бигиранд.

“Ба зудӣ парвандаи се ходими пулиси Фархор ба додгоҳ ирсол мешавад ва парванда аз рӯи моддаи "баромадан аз ваколатҳои хизматӣ" баррасӣ хоҳад шуд", - афзуд Сӯҳроб Саломов.

Як масъули пулиси ноҳияи Фархор дар шарҳи ҳодиса гуфт, латту кӯби сокини маҳаллӣ 4 моҳи пеш рух дода ва чораҷӯӣ зидди кормнадони пулис нав оғоз гардидааст. Ин кормандони ШКД-и ноҳияи Фархор – Файз Саидов, Меҳроб Давлатов ва Акрамшоҷони А. баъди шикояти Парвиз Ҳабибови 37-сола боздошт шудаанд.

Гулбӣ Ҳабибова, модари Парвиз Ҳабибов ҳам гуфт, “фарзандам бо ҳамсараш даъво кард. Вайро дастгиру латту кӯб карданд ва қабурғаҳояшро шикастаанд. Баъдан дар Душанбе табобат гирифт. Ҳамаи ин ҳодисаро навишта гирифтанд”.

Модари Парвиз мегӯяд, писараш ҳоло дар як бемористони Душанбе бо маризии дигар бистарӣ аст ва мехоҳад, ки кормандони пулиси Фархор барои латту кӯби фарзандаш ҳатман муҷозот шаванд.

Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон мегӯяд, дар муддати 6 моҳи соли ҷорӣ 188 ҳолати вайрон кардани низомномаи кори ходими ҳифзи қонун сабт шудааст. Аз ҷумла, дар ин муддат 6 афсари пулиси минтақа дар содир кардани 7 ҷиноят гунаҳкор дониста шуда, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

XS
SM
MD
LG