Ссылки доступа

Дар Қирғизистон тартиби аз вазифа барканор кардани узви ҳукумат муайян шуд


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев қонуни конститутсионӣ "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон"-ро имзо кардааст. Ин қонун барои бартараф кардани камбудиҳо дар бахши аз кор озод кардани аъзои ҳукумати ин кишвар таҳия шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати он кишвар.

Моддаи амалкунандаи 24-и қонуни конститутсионӣ дақиқ накардааст, ки бо кадом шева ва аз сӯи кӣ узви ҳукумати кишвар аз кор озод карда мешавад. Барои бартараф кардани ин норасоӣ қонуне, ки ахиран қабул шуд, пешбинӣ мекунад, ки бо пешниҳоди асосноки сарвазир президент узви ҳукуматро аз вазифа сабукдӯш хоҳад кард.

Ҳамчунин дар қонуни нав омадааст, ки баъди қабули қарори дастаҷамъонаи ҳукумат, аъзои девони вазирон ҳақ надоранд, ки зидди ин қарор ба таври оммавӣ эътироз кунанд ва ё аз иҷрои он саркашӣ намоянд.

XS
SM
MD
LG