Ссылки доступа

Түркия фаъолияти конвенсияи ҳуқуқи инсонро боз медорад


Дар Туркия фаъолияти Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсонро муваққатан боз медоранд.

Дар ин бора Нумон Куртулмуш, муовини сарвазири Туркия хабар дода, гуфт, низоми вазъи фавқулоддае, ки ахиран аз сӯи президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ин кишвар эълон шуд, эҳтимолан як ё якуним моҳи дигар бекор шаваб.

Қаблан президенти Туркия гуфта буд, ки дар кишвараш вазъи фавқулода барои се моҳ эълон шудааст. Ин иқдом ба вай имкон медиҳад, бо давр задани порлумон қонунҳои нав қабул кунад. Ҳомиёни ҳуқуқ нигаронанд, ки ин кор боиси саркӯби ҷонибдорони табаддулоти нофарҷом хоҳад шуд. Франк-Валтер Штайнмайер, вазири корҳои хориҷии Олмон рӯзи панҷшанбе аз Туркия даъват кард, ки низоми вазъи фавқулоддаро бекор кунад.

Шаби 15 ба 16 июли соли равон дар Туркия кӯшиши табаддулоти давлатӣ сурат гирифт, ки мақомот тавонистанд, сади роҳаш шаванд. Бо гумони даст доштан дар ин исён назди 6 ҳазор одам, аз ҷумла афсарони баландрутба, мансабдорони давлатию додрасҳо боздошт гардиданд. Дар мактабҳои олию миёна омӯзгоронеро, ки гумонбаранд, аз кор ронда мешаванд.

XS
SM
MD
LG