Ссылки доступа

Додгоҳи Голландия қарор кард, ки аз ширкати Takilant-и марбут ба Гулнора Каримова $135 миллион рӯёнида шавад


Додгоҳи Амстердам 20 июл қарор баровард, ки аз ширкати Takilant 135 миллион доллар рӯёнида шавад. Ин ширкат бо Гулнора Каримова, духтари калонии президенти Ӯзбекистон дар робита ба фасодкорӣ иртибот дорад.

Додгоҳи Амстердам хабар медиҳад, дар даст ҳуҷҷатҳоеро дорад, ки Takilant аз Vimpelcom ва ширкати скандинавии TeliaSonera ришват ситонида аст. Ду ширкати охирӣ мехостанд дар Ӯзбекистон ҳаққи фаъолият пайдо кунанд. Ду судя ҳамчунин қарор бароварданд, ки Takilant бояд дар ҳаҷми 1,7 миллион доллар ҷарима пардозад. Ба ҷуз ин, 6 дарсади саҳмияҳои ширкати Ucell, ки ба Takilant тааллуқ доранд, рӯёнида хоҳанд шуд.

Пештар аз ин додситонҳое, ки ин парвандаро тафтиш мекунанд, хабар доданд, ҳадафи онҳо фаъолияти ширкат аст, на Гулнора Каримова. Моҳи феврали соли ҷорӣ оҷонсии Блумберг хабар дод, ки Vimpelcom Ltd. ба пардохти 795 миллион доллар розӣ шудааст.

Мақомоти ИМА дар якҷоягӣ бо додситонии Голландия додугирифти ширкатҳои Vimpelcom, МТС ва TeliaSonera-ро бо ширкати Takilant таҳқиқ карданд. Додгоҳи Стокҳолм ҳуҷҷатҳоеро нашр кард, ки тибқи онҳо, Vimpelcom Ltd. тавассути ширкати Water Trail Industries дар солҳои 2007 ва 2011 ба ширкати Takilant 55 миллион доллар интиқол додааст.

Додгоҳи Ӯзбекистон дар ин ҷиноятҳои иқтисодӣ Гаян Авакян, роҳбари расмии ширкати Takilant ва аз наздикони Гулнора Каримоваро айдор дониста, ба муҳлати тӯлонӣ зиндонӣ кард. Тибқи иттилои ғайрирасӣ, Гулнора дар Ӯзбекистон ба ҳабси хонагӣ гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG