Дар ин гузориш омадааст, ки кам шудани ҳаҷми тиҷорат дар иттиҳоди зери роҳбарии Русия дар соли гузашта дар пасманзари ихтилофи назари дохилӣ дар масъалаи тиҷорат, таҳримҳо ва буҳрони иқтисодии минтақа иттифоқ афтодааст. Мунтақидон ИИАО-ро лоиҳае медонанд, ки "ба рушди султаталабии Русия дар минтақа мусоидат мекунад ва муносибатҳои аъзои дигари иттифоқро бо Ғарб маҳдуд месозад", омадааст дар гузориш.
Роҳбарияти Қазоқистон, Русия ва Белорус, ки ИИАО-ро дар заминаи Иттифоқи гумрукӣ таъсис доданд, гуфта буданд, ки ҳадафи иттиҳод - рушди иқтисод, ташкили бозори воҳиди молу маҳсулот, сармоя ва нерӯи корӣ аст. Соли 2015 Қирғизистон ва Арманистон шомили ИИАО шуданд.
Дар гузориш навишта шудааст, ИИАО, ки расман як лоиҳаи иқтисодӣ, технократӣ дониста шуда, ба аъзояш манфиатҳое монанди тиҷорати содаи хориҷӣ ва таъсиси шароит барои муҳоҷиронро пешниҳод мекунад, ба гуфтаи муаллифон, хатари иқтисодӣ ва ҷудомонии иқтисод аз бозорҳои ҷаҳониро дар пай дорад.
ICG дар бораи танишҳои сиёсии атрофи ИИАО менависад, ки мушкилии асосӣ аз он ҷо бархостааст, ки Русия ин иттиҳодро на танҳо ҳамчун иттиҳоди иқтисодӣ медонад, балки "механизми бунёдии таъсир ба ҳамсоягонаш" низ меҳисобад. Ин вазъ дар дохили худи иттиҳод танишро ба вуҷуд овардааст, менависанд муаллифони гузориш.