Ссылки доступа

Аҳолии Ӯзбекистон ба 31,8 миллион расид


Шумораи аҳолии доимии Ӯзбекистон 1 июли соли 2016 ба 31,807 миллион расида, аз аввали соли ҷорӣ 231,7 ҳазор ва ё 0,7 дарсад зиёд шудааст. Дар ин бора Кумитаи омори Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Шумори аҳолии шаҳрнишини ин кишвар 16,11 миллион (50,6% аз шумори умумии аҳолӣ) ва шумори аҳолии деҳотнишин бештар аз 15 миллион (49,4% маҷмуи аҳолӣ) будааст.

Моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ шумори таваллудшудаҳо 318 ҳазор будааст.

Давоми ним соли ҷорӣ 92,4 ҳазор никоҳ ва 14,8 ҳазор талоқ сабт шудааст.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ин ҷумҳурӣ шумори воридшудагон 72 ҳазор нафар ва шумори хориҷшудагон 84,4 ҳазор нафар будааст.

XS
SM
MD
LG